Ноябр 03, 2019 09:41 Asia/Dushanbe
  • Тавзеҳоти раиси ҷумҳурии Қирғизистон аз вазъияти марзи ин кишвар бо Тоҷикистон

Раиси ҷумҳури Қирғизистон дар дидори ояндаи хеш бо ҳамтои тоҷикаш мавзӯи ёфтани роҳи ҳалли поён додан ба ихтилофот бар сари минтақаҳои мавриди муноқиша дар марзи муштараки ин ду кишвари ҳамсояро баррасӣ хоҳад кард.

Ба нақл аз Спутник, Сооронбой Жеенбеков таи нишасти хабарӣ бо хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ дар Бишкек гуфт, танҳо дар вилояти Ботканд бо вилояти Суғди Тоҷикистон 10 то 12 минтақаи мавриди ихтилоф вуҷуд дорад.

Вай таъкид кардааст, ки  тарафҳои музокиракунандаи Қирғизистон ва Тоҷикистон бар сари мавзеъҳои хеш ба шиддати  пофишорӣ мекунанд, ки ин мазӯъ муҷиби тулонитар шудани гуфтугӯҳои дуҷониба барои нишонагузории ин минтақаҳои марзӣ мешавад.

Бо ин ҳол аз дидгоҳи раиси ҷумҳури Қирғизистон иродаи сиёсии кофӣ дар Бишкек ва Душанбе барои поён додан ба ихтилофоти марзӣ ва таъини хутути марзҳои муштараки ин ду кишвари ҳамсоя вуҷуд дорад.

Акнун пас аз даргириҳои марзии ахир дар минтақаҳои мавриди ихтилофи Қирғизистон ва Тоҷикистон дар ноҳияҳои Ботканд ва Исфара гуруҳҳои коршиносии ду тараф ба таври ҷиддӣ мавзӯи нишонагузории марзи муштаракро баррасӣ мекунанд.

Дар паи ду даҳсола музокироти мақомоти ду кишвар бар сари ихтилофоти марзӣ танҳо 520 километр аз марзи 721 километрии Тоҷикистон ва Қирғизистон нишонагузорӣ шудааст, ихтилофоти Тоҷикистон ва Қирғизистон бар сари бархе аз минтақаҳои марзии ду кишвар дар вилоятҳои Суғд ва Ботканд аз ҷумла мушкилоти тарафҳо барои дастёбӣ ба тавофуқи ҷомеъ дар ин замина аст.

Бар асоси марзбандиҳои даврони Шӯравӣ, бархе аз манотиқи марзии ду кишвар ба таври мушаххас аломатгузорӣ нашуда ва акнун ба маншаи ихтилофи мақомоти тоҷик ва қирғиз табдил шудааст.