Ноябр 04, 2019 18:34 Asia/Dushanbe
  • Қарзи хориҷии 15 миллиарддолларии Узбакистон то соли 2020

​​​​​​​Пешбинӣ мешавад, миқдори қарзи давлати Узбакистон то оғози соли 2020 ба ҳудуди 21 миллиарду 300 миллион доллар бирасад.

Мақомоти Вазорати дороии Узбакистон бо интишори гузорише эълом карданд, қарзи ин кишвар ба давлати Чин дар оғози соли 2020 ба 3 миллиарду 600 ҳазор доллар мерасад.

Ба гузориши Форс, аз моҳи январи соли 2015 то январи соли 2019 қарзи давлати Узбакистон ба Чин ба таври мустамар бо рушди 200 то 300 миллион доллар дар сол, аз як миллиарду 55 миллион доллар ба як миллиарду 964 миллион доллар афзоиш ёфтааст.

Рушди қарзи Узбакистон то оғози соли 2020 дар 12 моҳ дар сатҳи як миллиарду 42 миллион доллар қарор мегирад.

Дар соли 2018 мубодилоти бозаргонӣ байни ду кишвар дар сатҳи 6 миллиарду 400 миллион доллар қарор гирифт ва дар моҳи августи соли 2019, Узбакистон ва Чин бунёди муштараки сармоягузорӣ бо сармояи аввалия, муодили як миллиард долларро эҷод карданд.

Дувумин вомдиҳандаи бузург, Ҷопон аст ва бар асоси омор, то аввали январи соли 2019 Узбакистон ба ин кишвар як миллиарду 490 миллион доллар қарздор буда, ки то авоили соли 2020, то як миллиарду 831 миллион доллар афзоиш меёбад.

Дар мақоми сеюм Фаронса қарор дорад, ки қарзи Узбакистон аз он 21 баробар ба иборати дигар аз 27 миллион ба 573 миллиону 100 ҳазор доллар афзоиш ёфтааст.

Қарзи Узбакистон ба Кореяи Ҷанубӣ тақрибан бо 5 баробар афзоиш аз 114 миллиону 100 ҳазор доллар ба 568 миллиону 200 ҳазор доллар мерасад.

 Қарзи ба Русия бо ду баробар афзоиш аз 69 миллиону 800 ҳазор доллар то 120 миллиону 500 ҳазор доллар афзоиш меёбад, аммо ҳаҷми қарзи ба Амрико аз 28 миллиону 900 ҳазор доллар ба 26 миллиону 700 ҳазор доллар коҳиш меёбад.

Пешбинӣ мешавад, миқдори куллии қарзи давлати Узбакистон то оғози соли 2020 ба ҳудуди 21 миллиарду 300 миллион доллар бирасад, ки 15 миллиарду 300 миллион доллари он, қарзи хориҷӣ хоҳад буд.