Ноябр 06, 2019 18:46 Asia/Dushanbe
  • Талоши Қазоқистон барои тақвияти ҳамкориҳо дар Созмони Шанхай

Нахуствазири Қазоқистон дар иҷлоси ахири Созмони ҳамкории Шанхай дар Тошканд, ибтикорҳои мухталиферо барои тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ дар ин созмони осиёӣ матраҳ кард.

Пешниҳодҳои Аскар Момин, нахуствазири Қазоқистон шомили мавориде, аз ҷумла ташдиди талошҳо барои эҷоди Бонки тавсиа ва ҳамчунин Сандуқи тавсиаи ин созмон ва ҳамчунин таҳияи дастурамале барои афзоиши саҳми пулҳои кишварҳои узв дар ҳаллу фасли молӣ байни онҳо ва низ эҳёи дидорҳои байни вазирони дороӣ ва руасои бонкҳои марказии кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай аст.

Нахуствазири Қазоқистон ҳамчунин аз кишварҳои нозир дар Созмони ҳамкории Шанхай хост, то барои шитоб бахшидан ба эҷоди сомонаи худкор барои судури муҷаввизҳои ҳамли коло ва тасдиқи иҷрои пружаи ҷодаии муштарак ба кишварҳои узви ин созмон бипайванданд.

Вай афзуд, ки ин кишварҳо ҳамчунин аз мушорикати утоқҳои корофарини худ дар "Барномаи ҳамкории чандҷонибаи тиҷорӣ ва иқтисодӣ" -и Созмони ҳамкории Шанхай суд хоҳанд бурд.

Момин пешниҳод кард, ки аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Маркази молии байналмилалии Остонаро ба унвони як сайти озмоишӣ барои маҳсулот ва фанновариҳои молии худ мавриди баррасӣ қарор диҳанд.