Ноябр 09, 2019 11:54 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии Қирғизистон аз ҳамлаи терорристӣ дар марзи Тоҷикистон

Чингиз Ҳайдар беков вазири хориҷаи Қирғизистон ва Сироҷиддини Муҳриддин вазири умури хориҷаи Тоҷикистон дар гуфтугуи телефонӣ масоили минтақаиро баррасӣ карданд.

Дар ин музокирот Ҳайдарбеков нисбат ба тирандозӣ дар пости марзии Султонободи Тоҷикистон ибрози нигаронӣ кард.

Ба нақл аз Қаттраҳ , теъдоди афроди  кушта шуда низ яке аз далелҳои нигаронии вазири умури хориҷаи Қирғизистон эълом шуд.

Вай дар ин бора гуфт ; Қирғизистон аз талошҳои кишварҳои минтақа дар заминаи таъмини амният ҳимоят ва ин иттифоқотро маҳкум мекунад.

Илова бар ин Ҳайдарбеков ба хонаводаҳои сарбозони кушта шуда ибрози ҳамдардӣ карда ва ба онон таслият гуфт.