Ноябр 11, 2019 11:50 Asia/Dushanbe
  • Идораи мусулмонони Қазоқистон; муҷрии мусобиқаҳои қуръон

Идораи маънавии мусулмонони Қазоқистон барномаҳои мухталиферо дар ин кишвар иҷро мекунад, ки яке аз онҳо мусобиқоти қуръон аст.

Ба нақл аз ИКНО, бахши занон ва духтарон дар вилояти Қизилорда-и Қазоқистон ахиран мусобиқаи ҳифзи қуръонро дар ин вилоят баргузор кард, ки дар он кудакони 3 то 10 сол ширкат карданд.

Маросими ифтитоҳияи ин мусобиқа дар масҷиди шаҳри Мусоалӣ баргузор шуд ва дар он Оқбоев имом ҷамоати масҷид дар бораи вижагиҳои қуръони карим сухан гуфт.

Беш аз 40 кудак аз вилояти Қизилорда дар ин мусобиқа бо якдигар рақобат карданд ва ҷоизаи аслии ин мусобиқаро Эрмакбой Абунаср шашсола ба худ ихтисос дод.

Ҳамчунин дар ин рақобат Жолқосқизӣ Диёнӣ ва Дусин Алиева Арожани 9 сола муштаракан аввал шуданд ва ҷоизаи дуввумро Обилой Иброҳими шашсола ва Толибой Фаризаи ҳафтсола ва ҷоизаи севвумро низ Боймирзоев Давлат ва Абалхайр Шодии 9 сола касб карданд ва бо тақдирнома ва туҳфаҳои нақдӣ таҷлил шуданд.

Барчасп