Ноябр 12, 2019 21:32 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Назарбоев бар ҳалли ихтилофоти марзии Тоҷикистону Қирғизистон

Раисҷумҳури пешини Қазоқистон ҳалли ихтилофоти марзии Тоҷикистону Қирғизистонро хостор шуд.

Ба гузориши  “Спутник”, Нурсултон Назарбоев дар панҷумин иҷлоси солонаи клуби “Остона", ки бо ҳузури беш аз 50 мақоми аршад, сиёсатмадор, дипломат ва коршиносони саршинос дар пойтахти Қазоқистон баргузор шуд, бар зарурати ҳалли ҳарчи сареътари ихтилофоти марзии миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ, бавижа Тоҷикистону Қирғизистон таъкид кард. Вай гуфтааст, ки ин ду кишвар бояд аз роҳи гуфтугӯ ва бо нишон додани иродаи ҷиддии сиёсӣ барои аломатгузории манотиқи мавриди ихтилоф иқдом кунанд, зеро даст наёфтан ба тавофуқи ниҳоӣ бар сари аломатгузории марзҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон мӯҷиби бурузи мушкилот дар рушди равобити иқтисодӣ ва тиҷории минтақаӣ мешавад. Назарбоев кушта шудани шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон бар асари ихтилофоти марзиро ғайриқобили тавҷеҳ унвон кард.

Раисҷумҳури пешини Қазоқистон бо тамҷид аз талошҳои Шавкат Мирзиёев раисҷумҳури Узбакистон дар мавриди густариши равобити иқтисодӣ ва тиҷории миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва барқарории эътимод дар ин минтақа эълом кард, ки дувумин нишасти машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар рӯзи 27 ноябр дар Тошканд баргузор мешавад.

 

Барчасп