Фурӯхта шудани фурӯдгоҳи Алмаато
(last modified Wed, 13 Nov 2019 16:22:20 GMT )
Ноябр 13, 2019 21:22 Asia/Dushanbe
  • Фурӯхта шудани фурӯдгоҳи Алмаато

Вазири саноеъ ва тавсиаи зерсохтҳои Қазоқистон аз фурӯши фурӯдгоҳи шаҳри Алмаатои ин кишвар хабар дод.

Бейбут Отамқулов, вазири саноеъ ва тавсиаи зерсохтҳои Қазоқистон аз фурӯши фурӯдгоҳи шаҳри Алмаатои ин кишвар хабар дод.

Ба нақл аз Форс, Отамқулов афзуд: Фурӯдгоҳи шаҳри Алмаато мутааллиқ ба як ширкати хусусӣ аст.

Вай дар бораи сармоягузори ҷадиде, ки қасди хариди фурӯдгоҳи Алмааторо дорад, гуфт: Ин сармоягузор дорои 2 фурӯдгоҳ дар Фаронса мебошад.

Отамқулов тасреҳ кард: Фурӯдгоҳи Алмаато яке аз бузургтарин фурӯдгоҳҳои Осиёи Марказӣ мебошад ва барои роҳатии мусофирон бояд терминали мусофирбарӣ модернсозӣ ва бозсозӣ шавад, зеро солона тараддуди мусофирон аз тариқи ин фурӯдгоҳ рӯ ба афзоиш аст.