Ноябр 20, 2019 15:25 Asia/Dushanbe
  • Нақши бозигарони хориҷӣ дар тазоҳуроти зиддидавлатии Қазоқистон

Коршиноси масоили сиёсӣ, кишварҳои Русия, Амрико ва Англияро бозигарони нақши аслӣ дар тазоҳуроти зидди давлатӣ дар Қазоқистон хонд.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, Марс Сариев рӯзи чаҳоршанбе гуфт, ҳадафи аслии бозигарони хориҷӣ дар ҳимоят аз тазоҳуроти зидди давлатӣ дар Қазоқистон ҷойгузинии ашхоси ҷавон ба ҷои нухбагони ҳоким дар ин кишвар ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ аст.

Ин коршиноси масоили сиёсӣ афзуд, ин ашхоси ҷавон, ки теъдоди онҳо ҳам кам нестанд солҳо бо пули эҳдоии ғарбиҳо ва амрикоиҳо дар фазои пас аз Шуравӣ парвариш ёфтаанд.

Дар чанд рӯзи гузашта шаҳрҳои Нурсултон ва Алма-Ата шоҳиди тазоҳуроти зиддидавлатии ҳазорон нафар аз мардуми Қазоқистон будаанд ва даҳҳо нафар аз муътаризон боздошт шуданд.

Тазоҳуркунандагон алайҳи Нурсултон Назарбоев раиси ҷумҳури собиқи Қазоқистон, ки акнун раиси Шурои амнияти миллии ин кишвар аст ва ба тозагӣ ихтиёроти ӯ дар давлат афзоиш ёфт шиор доданд.

Раиси ҷумҳури Қазоқистон ахиран дар фармоне ихтиёроти Нурсултон Назарбоевро афзоиш дод.

Барчасп