Ноябр 20, 2019 19:11 Asia/Dushanbe
  • Наҷоти муҳоҷирон аз сардӣ дар Қазоқистон

Шаби сарди 19 ноябр кормандони пулиси Қазоқистон ду автобус бо 53 мусофир ва 4 ронандаро дар роҳи вилояти Павлодар наҷот додаанд.

Кормандони пулиси Қазоқистон ду автобус бо 53 мусофир ва 4 ронандаро дар роҳи вилояти Павлодар наҷот додаанд. Дар як автобус ду ронанда аз Қирғизистон ва 43 мусофири тоҷик, бо шумули 3 зан, аз Русия ба Ватан бармегаштанд. Кормандони пулис ҳамаи онҳоро дар як нуқтаи гарм дар мактаби дешаи Бозшакӯл ҷой кардаанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи ин кишвар гуфт, муҳоҷирони тоҷик ба кумаки тиббӣ зарурат надоранд. Ҳамчунин, як автобуси тамғаи «Волво Неоплан» бо 10 мусофир ва ду ронанда дар роҳи Қарағанда – Павлодар вайрон шудааст. Онҳоро дар як қаҳвахонаи сарироҳӣ ҷой кардаанд.

Пулиси вилояти Павлодар гуфт, соати 02:15-и шаби 19 ноябркапитан Сабитов Ерлан ва лейтенанти калон Тӯғайбой Медет дар километри 189-уми роҳи Павлодар –Қизил-Ӯрда автобуси тамғаи «Сетра»-ро бо чароғҳои садамавии равшан дида, истоданд. Маълум шуд, ки ин автобус аз шаҳри Новокузнетски Русия ба Қазоқистон сафар доштааст ва дар дохилаш ду ронанда аз Қирғизистон ва 43 мусофир – ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла се зан будаанд.

Дар ин рӯзҳои айни авҷи мавсими бозгашти муҳоҷирон аз Русия, ба далели хеле баланд будани нархи ҳавопаймо ҳазорон муҳоҷир, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик маҷбур мешаванд бо роҳи арзонтар, вале пурхатари заминӣ ба Ватан баргарданд.

 

 

 

Барчасп