Ноябр 25, 2019 18:01 Asia/Dushanbe
  • Эъломи феҳрасти ҳавзаҳои раъйгирии хориҷ аз Узбакистон

​​​​​​​Феҳрасти ҳавзаҳои раъйгирии хориҷ аз Узбакистон эълом шуд.

Вазорати умури хориҷаи Узбакистони феҳрасти ҳавзаҳои интихоботии эҷод шуда дар намояндагиҳои диплумотӣ ва консулгарии Узбакистонро дар хориҷ аз кишвар бо адрес ва телефони онҳо эълом кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, давлати Узбакистон барои баргузории интихоботи Маҷлиси олии ин кишвар дар хориҷ аз кишвар 53 ҳавзаи интихоботӣ эҷод кардааст.

Аз ҷумла ҳавзаи интихоботии шумораи 45 дар шаҳри Теҳрон, пойтахти  Ҷумҳурии Исломии Эрон эҷод шудааст.

Шаҳрвандони Узбакистон муқими хориҷ аз кишвар дар интихоботи порлумонии рӯзи 22 декабр сарфи назар аз ин ки дар консулгарии сабти ном шуданд ё нашуданд, метавонанд раъй диҳанд.

Дар интихоботи қаблӣ фақат афроде, ки дар феҳрасти консулгарӣ дар хориҷ аз кишвар сабт шуда буданд, метавонистанд раъй диҳанд, аммо имсол афроде, ки дар феҳраст сабт нашуданд низ метавонанд раъй диҳанд.

Интихобот барои Маҷлиси олии Узбакистон ва ниҳодҳои маҳаллии ин кишвар рӯзи 22 декабри соли 2019 милодӣ баргузор мешавад.

Ҳамакнун дар Узбакистон 5 ҳизби сиёсӣ аз ҷумлаи Ҳизби демократи халқии Узбакистон, Ҳизби либерол демократи Узбакистон, Ҳизби демократи миллии Узбакистон, Ҳизби сотсиал-демократи Узбакистон ва Ҳизби экологии Узбакистон ба таври расмӣ сабт шудааст.