Ноябр 26, 2019 13:33 Asia/Dushanbe
  • Гирдиҳамоии эътирозӣ алайҳи фасоди молӣ дар  Бишкек

Гирдиҳамоии эътирозӣ алайҳи фасоди молӣ дар бархе сохторҳои давлатӣ аз ҷумла гумруки Қирғизистон баргузор шуд.

 Дар ин гирдиҳамоӣ беш аз 500 нафар аз ҷумла фаъолони иҷтимоӣ, ҳунарӣ ва ҳатто як намояндаи парлумон ҳузур дошта ва шиорҳои монанди «Раҳим бояд боздошт шавад», «дуздҳо бояд боздошт шаванд» ва «ислоҳот ҷиддӣ» ро матраҳ карданд.

 Ба гузориши Садои Хуросон ба нақл аз Форс ,илова бар ин эътирозгарон корт зард ба давлат нишон доданд ва ба гуфтаи баргузоркунандагон пас аз корти зард корти сурх ба кор бурда хоҳад шуд.

 Гирдиҳамоӣ бо хондани суруди миллии Қирғизистон оғоз шуд ва мӯътаризон беш аз 2 соат дар муқобили кохи раёсатҷумҳурӣ таҷаммӯъ карданд.

 Мақомоти давлатӣ барои гуфтугӯ дар ҷамъи муътаризон зоҳир нашуданд ва таҷаммӯъ бидуни натиҷа поён ёфт.

 Дар ин гирдиҳамоӣ Раҳим Матраҳимов-муовини собиқи раиси гумруки Қирғизистон машҳур ба « Раҳим миллионер» омили аслии фасод муаррифӣ шуд ва мӯътаризон хостори боздошти вай шуданд.