Декабр 02, 2019 18:30 Asia/Dushanbe
  • Таътилии намоишгоҳи феминистҳо дар Қирғизистон

Дар натиҷаи таҷаммӯи эътирозӣ дар Қирғизистон, намоишгоҳи феминситҳо таътил шуд.

Ин намоишгоҳ ба мизбонии созмонҳои ғайридавлатии амрикоӣ ва аврупоӣ дар мӯзеи наққошии миллии Қирғизистон баргузор шуда буд.

Ба гузориши Форс, эътирозкунандагон бо ишора ба инки арзишҳои ғарбӣ ва нигоҳи Ғарб нисбат ба нақши занон бо суннати мардуми қирғиз ва қавонини Ислом ҳамоҳанг нест, дархости таътилии ин намоишгоҳро карданд.

Илова бар ин ҳозирин бо таъкид бар барканории Мира Ҷангарачева, раиси ин мӯзе гуфтанд, мақомоти давлатӣ набояд иҷозаи баргузории чунин маросимҳоеро дар ниҳодҳои миллӣ бидиҳанд.

Азамат Жоманқулов, вазири фарҳанги Қирғизистон бо ширкаткунандагони таҷаммӯ мулоқот карда ва эътирозоти ононро қабул кард ва гуфт, раиси мӯзеи мазкур барканор шуда ва намоишгоҳ ҳатман таътил мешавад.

Дар ин намоишгоҳ наққошиҳои номуносибе аз занон қарор дорад ва ин омил мунҷар ба бурузи эътирози шадиди иҷтимоӣ шуда, ки ин гуна иқдомот бо ҳадафи тахриби арзишҳои хонаводагӣ анҷом мешавад.

Ба назари мӯътаризон занон дар Қирғизистон ҷойгоҳи вижае доранд ва дидгоҳи Ғарб ба ин мавзӯ бо суннати маҳаллӣ ба ҳеҷ ваҷҳ ҳамоҳанг нест.

Теъдод зиёде аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз ин таҷаммӯъ ҳимоят бар мамнуияти баргузории чунин намоишгоҳҳое дар оянда таъкид карданд.