Интисоби муовини раиси Кумитаи адёни Узбакистон
Декабр 02, 2019 19:19 Asia/Dushanbe
Дилшод Эшнаев тайи ҳукме муовини раиси Кумитаи умури адёни ҷумҳурии Узбакистон шуд.
Ба гузориши ИКНА, Дилшод Эшнаев ба унвони муовини раиси Кумитаи умури адёни вобаста ба ҳайати вазирони ҷумҳурии Узбакистон ва раиси Маркази иттилоот ва таҳлили ҷараёнҳои мазҳабии ин кумита мансуб шуд.
Вай бо ин интисоб ҷои Нуримон Абулҳасанро гирифт, ки чанде пеш аз ин симмат барканор ва ба унвони мудири кулли мубориза бо терроризм ва ифротгароии вазорати кишвари ҷумҳурии Узбакистон мансуб шуд.
Эшнаев токунун дар системаи Хадамоти амнияти давлатии ҷумҳурии Узбакистон машғули кор буда ва дар соли 2018 бар асоси фармони раисиҷумҳури ин кишвар, медали давлатии «хидмати вафодорона» ба вай эъто шуд.