Декабр 09, 2019 10:00 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши ҳамкории райлии Афғонистон ва Узбакистон

Мақомоти баландпояи иқтисодии Афғонистон ва Узбакистон дар нишасте дар шаҳри Тошканд бар густариши ҳамкориҳои райлӣ байни ду кишвар таъкид карданд.

Ба нақл аз Форс, дар ин нишаст Моилоқо Хайрхоҳ раиси утоқи бозаргонии байналмиллалии Афғонистон ва Таваккалшоҳ Аҳмадёр раиси утоқи бозаргонӣ ва сармоягузории Узбакистон тавофуқ карданд, то давлати Афғонистон транзити борҳои райлии худро аз тариқи Узбакистон афзоиш диҳад.

Ҳамчунин дар ин дидор таъкид шуд, ки ширкати райлии Узбакистон Тимир Юларӣ ба афзоиши ҳаҷми борҳои интиқолӣ аз тариқи роҳи оҳани Узбакистон ва Афғонистон кумак кунад ва дар ин замина низ таслиҳоте барои ин кишвар дар назар гирад.

Аз ибтидои соли 2019 то кунун як ҳазору 628 тонна коло аз Афғонистон ва аз тариқи Узбакистон ба кишварҳои Русия, Қазоқистон ва Чин транзит шудааст.