Декабр 11, 2019 21:41 Asia/Dushanbe
  • Интишори китоби динӣ бо кумаки молии Иттиҳоди Аврупо дар Бишкек

Китоби динӣ бо кумаки молии Иттиҳоди Аврупо дар Бишкек мунташир шуд.

Бунёди тавсеаи фарҳанги маънавии “Имон” –и Қирғизистон дар чорчӯби тарҳи пажӯҳишии “Гуфтугӯҳои созанда дар ҳавзаи дин ва демократия” бо мушорикати муассисаи “Интернешнл алерт” ва бо кумаки молии Иттиҳоди Аврупо натоиҷи ин таҳқиқро дар қолаби китобе бо ҳамин унвон дар 113 сафҳа дар Бишкек мунташир кардааст.

Ба гузориши ИКНА, дар ин китоб мавзӯоте ҳамчун исломҳаросии воқеӣ ва тахайюлӣ дар Бишкек, далоил, анвоъ ва авомили исломҳаросӣ, авомили бардоште, ки шаҳрвандони Бишкек аз дини Ислом доранд, дидгоҳҳои мусулмонони мутадаййини Қирғизистон дар бораи вазъияти Ислом дар ин кишвар, арзишҳои миллии қирғизии омили ҳувиятсоз, забонҳои давлатӣ ва расмӣ ва одобу русуме, ки боиси ваҳдат ва ҳамбстагии мардуми Қирғизистон мешавад, баррасӣ шудааст.

Бахши дигаре аз китоб низ ба нақши расонаҳои гурӯҳӣ дар инъикоси масоили динӣ ва эҷоди гуфтугӯҳои созанда дар ҳавзаи дин ва демократия ва таъсиргузории марокизи динӣ дар тасмимгирии сохторҳои мудириятҳои маҳаллии Қирғизистон бо таъкид бар устонҳои Чуи ва Талас (Тароз) –и ин кишвар ихтисос ёфтааст.