Осонсозии судури раводиди Қазоқистон барои гардишгарони хориҷӣ
(last modified Fri, 20 Dec 2019 16:28:58 GMT )
Декабр 20, 2019 21:28 Asia/Dushanbe
  • Осонсозии судури раводиди Қазоқистон барои гардишгарони хориҷӣ

Маркази матбуотии Вазорати дохилии Қазоқистон аз осонсозии дарёфти раводиди ин кишвар тавассути шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ хабар дод.

Судури даъватнома барои вуруд, яке аз хадамоти пуртақозои давлатӣ ба шумор меравад, ки тавассути Вазорати дохилии Қазоқистон ироа мешавад.

Ба гузориши “Форс”, то роҳандозии хадамоти электронӣ, шаҳрвандони хориҷии алоқаманд ба сафар ба Қазоқистон ҳангоми дарёфти раводиди ин кишвар бо мушкилоти зиёде, аз ҷумла ҳузури шахсӣ дар сафорати Қазоқистон ва имкони интизори 30 рӯз ва ё бештар аз он барои дарёфти посух рӯ ба рӯ буданд.

Аммо пас аз роҳандозии шакли электронии хадамоти судури даъватнома ба шаҳрвандони хориҷӣ, раводиди Қазоқистонро метавон аз тариқи портали “www.vmp.gov.kz” дар 5 рӯзи корӣ дарёфт кард.

Барои ин мутақозӣ баъд аз вуруд ба ҳисоби шахсӣ дар портали мазкур, бояд дархостро пур ва додаҳои меҳмони хориҷиро ворид ва ҳазинаи мавриди ниёзро пардохт кунад.

Баъд аз 5 рӯзи корӣ ба ҳисоби шахсии мутақозӣ як шумораи сабти номи 10 рақамии даъватнома мунтақил мешавад, ки ин шумораро бояд ба шаҳрванди хориҷӣ интиқол дод.

Шаҳрванди хориҷӣ бо истифода аз ин шумора, дархости дарёфти раводиди Қазоқистонро дар портали муртабити муҳоҷиратии ин кишвар пур карда ва баъд аз 15 дақиқа раводиди электрониро дарёфт мекунад.

Дар ҳоли ҳозир хадамоти даъватномаи электиронии шаҳрвандони хориҷӣ барои судури раводиди электронии вурудии танҳои в1, в2, в3 барои вуруд ба Қазоқистон, бо аҳдофи тиҷорӣ ва дастаи в10 бо аҳдофи хусусӣ мебошад.