Худоҳофизии Бабанов бо дунёи сиёсат
Сиёсатмадор ва рақиби аслии раисҷумҳури феълии Қирғизистон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии 2017, расман бо дунёи сиёсат худоҳофизӣ кард.
Ба гузориши “Форс”, Омурбек Бабанов, сиёсатмадори оппозитсиюни Қирғизистон дар нишасти ҳизби парлумонии “Республика” гуфт, масири ман дар сиёсати Қирғизистон ба итмом расида ва вақти он аст то ҷавонон дар сиёсати кишвар ҳузур дошта ва тасмимгирӣ кунанд.
Илова бар ин, дар нишасти ин ҳизб раиси ҷадид муаррифӣ шуд ва аз имрӯз Мирлонҷин Чороев масъулияти раёсати “Республика”-ро бар уҳда гирифт.
Дар ҳоли ҳозир шӯрои ин ҳизб 17 намоянда дорад.
Ҳамчунин дар ин нишаст аз адами эътилофи ин ҳизб бо ҳизби “Ата-Журт” хабар доданд ва 2 ҳизб дар интихоботи оянда ба таври ҷудогона ширкат мекунанд.
Иттиҳоди мазкур дар парлумони Қирғизистон 29 курсӣ дорад ва ба унвони ҳизби мухолиф шинохта шудааст.
Бабанов тоҷири қирғизистонӣ ва яке аз бунёнгузорони ҳизби “Республика” мебошад.
Вай рақиби аслии Сооронбой Жеенбеков, раисҷумҳури феълии Қирғизистон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2017 буд, аммо Бабанов дар он интихобот муваффақ нашуд.
Пас аз поёни интихоботи 2017 барои Бабанов парвандаи ҷиноии марбут ба таҳрики мардум барои ихтилофоти қавмӣ ташкил шуда ва ин сиёсатмадори қирғиз маҷбур ба фирор ба Русия шуд.
Дар фасли пойиз вай ба ватанаш бозгашт, аммо парвандаи қазоӣ нисбат ба Бабанов ҳамчунон боз аст.