Декабр 21, 2019 19:13 Asia/Dushanbe
  • Узбакистон кишвари сол шуд

Маҷалаи муътабари британияии Экономист Узбакистонро кишвари сол номид.

Ба нақл аз Спутник, маҷалаи Экономист навишт, таҳаввулоти мусбате,ки дар соли 2019 дар Узбакистон рух дода бештар аз ҳар кишвари дигар будааст.

Узбакистон то се сол пеш кишваре истибдодӣ бо ҷомеаи баста буд, аммо пас аз ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев раиси ҷумҳури феълӣ ислоҳоте дар ин кишвар оғоз шуд, ки дар соли гузашта раванде шитобон ба худ гирифт.

Ба навиштаи Экономист, давлати Шавкат Мирзиёев то ҳудуи зиёде ба кори иҷборӣ дар Узбакистон поён дода, зиндони Жасликро баста, гузаргоҳҳои марзии бештареро боз карда ва ба хабарнигорони хориҷӣ иҷозаи вуруд ба Узбакистонро додааст.

Ин маҷалаи англисӣ меафзояд, агар чи Узбакистон феълан аз демокрасӣ дур аст ва анҷоми корҳои зиёдеро дар пеш дорад, аммо ҳеҷ кишваре дар соли 2019 дар ин замина ба ин андоза фаолият накардааст.