Декабр 23, 2019 22:15 Asia/Dushanbe
  • Рақобати бонувони қазоқ дар мусобиқоти ҳифз ва қироати Қуръон

Бонувони қазоқистонӣ бо ҳузур дар мусобиқоти ҳифз, қироат ва равонхонии Қуръон дар шаҳри Тарази ин кишвар рақобати Қуръониро ба намоиш гузоштанд.

Ин мусобиқот бо номи «Қуръон, роҳи саҳеҳ аст» дар масҷиди Абубакри Сиддиқи шаҳри Тараз баргузор шуд ва дар он 87 тан аз бонувон бо якдигар рақобат карданд.

Ба гузориши ИКНА, дар ин мусобиқа 87 зан дар чаҳор ришта бо ҳам ба рақобат пардохтанд, ки шомили 17 нафар дар бахши қироат, 38 нафар дар бахши равонхонӣ, 17 нафар дар бахши ҳифзи як ҷузъ ва 15 нафар дар бахши ҳифзи ним ҷузъ буд.

Қанот Жумақул, намояндаи Идораи маънавии мусалмонони Қазоқистон дар устони Жамбил, ба унвони сарпарасти ҳайати доварон дар ин рақобат ҳузур дошт ва дар бораи савоби хондани Қуръон сухан гуфт.

Дар поёни мусобиқа се нафар дар ҳар ришта рутбаҳои бартарро касб карданд ва ҷоизаҳои нақдӣ ҳамроҳ бо лавҳи тақдир ба онон эҳдо шуд.

Тороз, Толос, Тараз ё Тироз шаҳре аст, таърихӣ дар Осиёи Миёна, ки имрӯза дар хоки кишвари Қазоқистон воқеъ шуда ва ин шаҳр маркази устони Жомбил аст.