Декабр 26, 2019 12:04 Asia/Dushanbe
  • Таҷамуъи эътирозӣ дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон барои озодии фаъолони маданӣ

Ҷамъе аз сокинони шаҳри Алмаатои Қазоқистон дар таҷамуъи эътироз муқобили боздоштгоҳи ин шаҳр, озодии фаъолони мадании боздоштшударо хостор шуданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, ширкаткунандагон дар ин таҷамуъ,ки рӯзи чоршанбе баргузор шуд бо сардодани шиорҳои озодӣ, хостори раҳоии фаъолони мадании боздоштшуда шуданд, аммо аз масулони боздоштгоҳ касе посухгӯи муътаризон набуд.

 16 декабрисоли ҷорӣ нерӯҳои амниятии Қазоқистон, даҳҳо нафарро дар шаҳрҳои Алмаато ва Нурсултони Қазоқистон боздошт карданд.

Вазорати кишвари Қазоқистон аз боздошти 55 нафар дар паи эътирозҳои 16 декабр хабар додааст. Бар асоси ин гузориш, беш аз 25 нафар боздошт шуда,эътисоби ғазо кардаанд.

Барчасп