Набуди атбои тоҷик дар байни қурбониёни суқути ҳавопаймо дар Қазоқистон
Вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон эълом кард,ки атбои тоҷик дар миёни қурбониёни суқути ҳавопаймои мусофирбарии Қазоқистон нестанд.
Ба нақл аз хабаргузории Тоҷикта, мақомоти вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон гуфтанд,ки дар миёни қурбониён ва масдумони ҳодисаи суқути як фарванди ҳавопаймои мусофирбарӣ дар Қазоқистон,ки рӯзи ҷумъа 27 декабри имсол иттифоқ афтод, атбои тоҷикистонӣ вуҷуд надоранд.
Давлати Қазоқистон эълом кард, як фарванд ҳавопаймои мусофирбарии ин кишвар бо 100 мусофир бомдоди рӯзи ҷумъа дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон суқут кард,ки бар асари он ҳудуди 50 нафар аз ҷумла чанд кудак кушта ва захмӣ шуданд.
Бинобар эъломи Созмони ҳавопаймоӣ Қазоқистон, ин ҳавопаймо аз фурудгоҳи Алмаато озими шаҳри Нурсултон, пойтахт будааст,эълом шуда ҳоли 5 нафар вахим аст ва имкони афзоиши шумори куштаҳо низ вуҷуд дорад.
Имомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо ирсоли паёме ба Қосимҷомарт Тоқаев раиси ҷумҳурии Қазоқистон, зимни ибрози таслият ба хонаводаҳои қурбониёни ин ҳодиса, барои масдумон ва маҷруҳон орзуи шифои оҷил кард.