Декабр 28, 2019 18:34 Asia/Dushanbe
  • Талоши Узбакистон барои пайвастан ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё

Як депломати баландпояи кишвари Узбакистон эълом кард, ки ин кишвар дар соли пеши ру, ки ба зудӣ оғоз мешавад тамоми шароит ва имкони пайвастан ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиёро баррасӣ мекунад зеро илҳоқ ба ин иттиҳодия нисбат ба Созмони тиҷоати ҷаҳонӣ барои Узбакистон авлавият дорад.

Ба нақл аз ИРНО, Насирҷон Юсупов сафири томулихтиёри Узбакистон дар Беларус дар Конфронси хабарӣ дар бораи интихоботи парлумонӣ ва ислоҳот дар Узбакистон гуфт, ки ин кишвар қасд дорад дар соли 2020 ба таври ҷиддӣ ва фаол имкони пайвастан ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиёро баррасӣ кунад.

Вай афзуд, пешбинии ин масъала душвор аст, ки узвияти эҳтимолии Узбакситон ба сурати узви нозир, шарик ё узви комил хоҳад буд.

Валентина Матвиенко раиси Маҷлиси олии Русия ҳам дар сафари ахир ба Узбакистон гуфта буд, Шавкат Мирзиёев раиси ҷумҳури ин кишвар мутааҳид ба пайвастани Узбакистон ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё аст.

Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё  (EEU) дар соли 2015 тавассути кишварҳои Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Беларус ва Арманистон ташкил шуд ва гуфта мешавад, ки аввалин ибтикори маваффақи пасоШуравӣ барои ғалаба бар монеаҳои тиҷорӣ ва иртиқои идғом ва якпорчагӣ дар минтақае камтар тавсеаёфта ба ҳисоб меояд.