Декабр 30, 2019 18:21 Asia/Dushanbe
  • Таваққуфи бозгашти атбои қирғиз аз Сурия ва Ироқ

Бозгашти атбои қирғиз аз Сурия ва Ироқ мутаваққиф шуд.

Аламос Имон Қозиев, яке аз мақомоти аршади вазорати умури хориҷаи Қирғизистон дар нишасти матбуотӣ бо ишора ба барномаи бозгашти шаҳрвандони ин кишвар аз манотиқи ҷангӣ дар Ховари Миёна гуфт, иқдомот дар ин замина мутаваққиф шудааст.

Ба гузориши Форс, вай гуфт, барномаи бозгашти шаҳрвандони Қирғизистон аз Сурия ва Ироқ мутаваққиф шуда, зеро иттифоқоти сиёсӣ дар ин кишварҳо мониаҳое барои фаъолияти вазорати умури хориҷа эҷод кардааст.

Қозиев тасреҳ кард, пас аз оддӣ шудани вазъият дар кишварҳои мазкур барнома муҷаддадан иҷро мешавад.

Вазорати умури хориҷа интиқоли беш аз 70 кӯдаки қирғиз ба Ироқ ва Сурия дар моҳи сентябри соли ҷориро ҳадафгузорӣ карда буд.

Бар асоси иттилооти Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон беш аз 800 шаҳрванди ин кишвар барои ҳузур дар сафҳои созмонҳои террористӣ ба Ховари Миёна, сафар карданд ва бахши зиёде аз онон кушта шуданд.

 

 

Барчасп