Декабр 31, 2019 12:22 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи телефонии раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Узбакистон

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва Узбакистон дар тамоси телефонӣ Соли нави милодиро ба якдигар табрик гуфтанд.

Ба нақл аз Дафтар матбуотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар ин муколимаи телефонӣ зимни табрики фаро расидани Соли нави милодӣ гуфтанд соли 2019 соли таҳкими равобити дустӣ ва ҳамҷавории қадимӣ ва мушорикати роҳбурдии ду кишвар буд.

Раисони ҷумҳури Тоҷикистон ва Узбакистон ҳамчунин дар мавриди масоили муҳими байналмиллалӣ ва минтақаӣ табодули назар карданд.

Ҳамчунин дар ин муколимаи телефонӣ ба таври вижа ба иҷроӣ кардани натиҷаҳои иҷлоси машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки моҳи ноябр дар Тошканд баргузор шуд таъкид карданд.

Тоҷикистон ва Узбакистон баъд аз марги Ислом Каримов раиси ҷумҳури пешини Узбакистон ва ба қудрат расидани Шавкат Мирзиёев болотарин сатҳи равобити мутақобилро дар ҳавзаҳои мухталиф доранд.

Барчасп