Январ 13, 2020 15:19 Asia/Dushanbe
  • Ибрози ҳамдардии раиси ҷумҳури Туркманистон бо мардум ва давлати Эрон

Раиси ҷумҳури Туркманистон дар пайоме ҷон бохтани шуморе аз шаҳрвандони эронӣ ва хориҷӣ дар сониҳаи суқути ҳавопаймои украинӣ дар Теҳронро таслият гуфт.

Ба нақл аз ИРНО, Қурбоқулӣ Бердимуҳаммадов раиси ҷумҳури Туркманистон дар пайоми таслиятӣ бо давлат ва мардуми Эрон ва ҳамчунин хонаводаи қурбониёни ин сониҳаи дилхарош ибрози ҳамдардӣ кард.

Мақомоти баландпояи Вазорати умури хориҷаи Туркманистон пеш аз ин бо ҳузур дар Сафорати Эрон дар Ишқобод маротиби ҳамдардии худро иброз ва дафтари ёдбуди ҷонбохтагони сониҳаи ҳавоии ахирро имзо карданд.

Мақомоти Туркманистон, ҳамчунин сафирон ва депломатҳои муқими ин кишвар бо ҳузур дар Сафорати Эрон дар шаҳри Ишқобод пайомҳои таслият ва маротиби ҳамдардии худро ба муносибати шаҳодати сардор Қосими Сулаймонӣ ва ҳамчунин қурбониёни ҳодисаи суқути ҳавопаймо бо мардум ва давлати Эрон иброз карданд.