Январ 13, 2020 17:43 Asia/Dushanbe
  • Узвияти Туркманистон дар муъоҳидоти ҷадиди байналмилалӣ

Вазири умури хориҷаи Туркманистон гуфт, ин кишвар имсол узви муъоҳидоти ҷадиди байналмилалӣ мешавад.

Ба гузориши Форс , Рашид Мередов, вазири умури хориҷаи Туркманистон дар нишасти аъзои кобинаи вазирон бо ишора ба сиёсати хориҷаи ин кишвар гуфт, ҳамкорӣ дар қолаби 6 тавофуқномаи байналмилалӣ дар заминаи иқтисод, ҳамлу нақл, экология, фарҳанг ва омӯзиш тавассути давлати Туркманистон дар соли 2020, баррасӣ хоҳад шуд ва фаъолиятҳои ҷиддӣ барои ҳамоҳангии тамоми масоили марбут ба ин асноди байналмилалӣ анҷом мешавад.

Мередов гуфт, дар ҳоли ҳозир Туркманистон узви 152 санади чандҷонибаи байналмилалӣ ва 133 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид аст ва бо таваҷҷуҳ ба вазъияти бетарафии ин кишвар ин аснод фақат марбут ба ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои энержӣ, ҳамлу нақл ва дифоъ аз муҳити зист аст.

Ҳамчунин Қурбонгули Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон низ аз ин ибтикороти вазири умури хориҷа, ҳимоят карда ва бар тақвияти ҳамкории ниҳодҳои давлатӣ бо созмонҳои байналмилалӣ таъкид карданд.

Соли гузашта Туркманистон барои тавсеаи равобит бо СММ талоши ҷиддӣ кард ва узви 3 ниҳоди ин созмон шуд.

Туркманистон дар 10 ниҳоди вобастаи СММ намоянда дорад.