Коршиноси қирғиз: Амрико ҳеҷ қонун ва ҳадду марзеро ба расмият намешиносад
Коршиноси сиёсии Қирғизистон гуфт, Амрико бо террори сардор Сулаймонӣ бори дигар собит кард, ки ба ҳеҷ қонуне дар ҷаҳон пойбанд нест.
Ба нақл аз радиои тоҷики Садои Хуросон, Айданбек Ақматов коршиноси сиёсии Қирғизистон бо ишора ба террори сардор сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ гуфт, ин амал ваҳшиёна ва поймолсозии ошкори қавонини байналмиллалӣ аст.
Вай афзуд, ин иқдом нишон дод, ки барои Амрико ҳеҷ қонуне дар ҷаҳон вуҷуд надорад.
Ақматов идома дод, сардор Сулаймонӣ бо гуруҳҳои террористӣ мисли ДИИШ мубориза мекард ва онҳоро шикаст дод вай ифтихори Эрон ва сардори мавриди итминони ин кишвар буд, террори чунин инсоне на фақат барои эрониҳо балки барои ҳар инсони воқеъбин бисёр нороҳаткунандааст.
Вай бо ишора ба ин ки наметавон бо куштани чунин инсони бузурге дар ғарби Осиё сулҳу оромиш бар по кард, гуфт, роҳи барқарории сулҳу оромиш дар ғарби Осиё ин аст, ки ҳама ба ҳақи ҳокимияти кишварҳои минтақа эҳтиром бигузорад ва дар партави манофеи муштарак ҳамкорӣ дошта бошанд.
Вай дар идома яке аз далелҳои аслии террори сардор Сулаймониро муборизаи вай бо ДИИШ ва гуруҳҳои террористии дар минтақа ба хусус Сурия ва Ироқ унвон кард, ки ин мавзӯъ боиси нороҳатии Амрико ва ҳампаймонони минтақаии он шудааст.