Январ 14, 2020 12:43 Asia/Dushanbe
  • Насби дурбинҳои назоратӣ дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон

Мақомоти маҳаллӣ, масъулини Вазорати кишвар ва Додситонии Тоҷикистон ва Қирғизистон дар заминаи ҳалли масоили марзӣ ба тавофуқ расиданд.

Ба нақл аз Форс, намояндагони Тоҷикистон ва Қирғизистон дар робита бо муноқиша дар марзи 2 кишвар дар маҳалли Качабой-и вилояти Ботканди Қирғизистон бо ҳам дидор ва гуфтугӯ карданд.

Дар ин дидор таъкид шуд, ки барои барқарории сулҳ дар минтақаҳои марзӣ лозим аст, ки барномаҳои муштараке барои мардуми сокини минтақаҳои марзӣ ва низ марзбонони 2 кишвар иҷро шавад.

Ҳамчунин тасмим гирифта шуд, ки дар минтақаҳои марзии Ботканди Қирғизистон ва шаҳри Исфарари Тоҷикистон дурбинҳои назоратӣ насб шавад.

Рӯзи даҳуми моҳи имсол дар минтақаҳои марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон даргирии нав рух дод, ин даргирӣ байни сокинони рустоҳои Сомониёни минтақаи Исфараи Тоҷикистон ва Куктоши вилояти Ботканди Қирғизистон буд.