Январ 15, 2020 11:44 Asia/Dushanbe
  • Идомаи боздошти авомили низои марзӣ дар Қирғизистон

Давраи боздошти авомили низоъ дар марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон то як моҳи дигар идома дорад.

Ба нақл аз сомонаи қирзиғии "24. kg", дафтари матбуотии пулиси Қирғизистон дар устони Ботканд, бо истинод ба тасмими додгоҳи шаҳристони Қадамҷой эълом кард: Нурбек Сафарбоев, Авсин Сафарбоев, Зайниддин Бердиев ва Улуғбек Сафарбоев, ки шомгоҳи 11 январ боздошт шуданд, ба таҳрики низоъ дар минтақаи муштараки марзӣ муттаҳам ҳастанд.

Боздошти шаҳрвандони қонуншикан дар хутути марзӣ аз сӯи ниҳодҳои амниятии Қирғизистон, иқдоме нодир ба шумор меравад ва дар канори музокироти ҷадиди ҳайатҳои олии ду кишвар, аз рӯшан шудани уфуқи ҳалли ихтилофоти марзӣ миёни Душанбе ва Бишкек ҳикоят мекунад.

Солҳост, ки марзи миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар устонҳои марзии Суғд ва Ботканд, ба иллати аломатгузорӣ нашудани комили хутути марзӣ, бӯҳронӣ аст.

 

 

Барчасп