Январ 15, 2020 19:00 Asia/Dushanbe
  • Интихоби Қазоқистон ба унвони раиси гурӯҳи “Кишварҳои маҳсур дар хушкӣ”

Қазоқистон раиси гурӯҳи “Кишварҳои маҳсур дар хушкӣ” шуд.

Қазоқистон раёсати гурӯҳи “Кишварҳои маҳсур дар хушкӣ” -ро барои давраи яксола бар ӯҳда гирифт ва нишасти вазорати ин кишварҳо дар умури тиҷорӣ хурдодмоҳи оянда дар шаҳри Нурсултон (Остонаи пешин) баргузор хоҳад шуд.

Ба гузориши ИРНА, маросими интиқоли раёсати ин гурӯҳ дар мақари Созмони Милал дар Ню-Йорк бо ширкати намояндагони шуморе аз кишварҳо ва теъдоде аз коршиносон ва ҳамчунин намояндаи олии Созмони Милал дар умури кишварҳои камтар тавсеаёфта, кишварҳои дар ҳоли тавсеаи маҳсур дар хушкӣ ва кишварҳои кӯчаки ҷазираии дар ҳоли тавсеа баргузор шуд.

Гурӯҳи кишварҳои дар ҳоли тавсеаи маҳсур дар хушкӣ муташаккил аз 32 кишвар, шомили 16 кишвари африқоӣ, 10 кишвари осиёӣ, аз ҷумла панҷ кишвари Осиёи Миёна ва Афғонистон, чаҳор кишвари аврупоӣ ва ду кишвар дар Амрикои Ҷанубӣ аст.

Қазоқистон ба унвони бузургтарин кишвари маҳсур дар хушкии ҷаҳон дар дуртарин фосила аз уқёнус қарор дорад, ба тавре, ки ҳудуди 3 ҳазору 750 километр бо уқёнусҳо фосила дорад.

 Бар асоси ин гузориш, Қазоқистон дар давраи раёсати ин кишварҳо қасд дорад ба пешбурди иҷрои Барномаи иқдоми Вена барои кишварҳои дар ҳоли тавсеаи маҳсур дар хушкӣ марбут ба солҳои 2014 то 2024 ва ҳамчунин таҳаққуқи аҳдофи тавсеаи пойдори Созмони Милал аз тариқи афзоиши ҳамкориҳои ин кишварҳо бо кишварҳои масири транзит, ниҳодҳои Созмони Милал ва соири тарафҳои алоқаманд ёрӣ бирасонад.

Намояндаи олии Созмони Милал низ дар суханоне таъкид кард, ки Қазоқистон ҳамвора мавзеи фаъоле дар иртиқо ва дифоъ аз манофеи ин гурӯҳ доштааст. Вай гуфт, ки бо ҳимояти давлати Қазоқистон, нишасти вазорати ин гурӯҳ дар бораи мавзӯоти тиҷории моҳи июн (хурдод) дар пойтахти Қазоқистон баргузор хоҳад шуд. Ин нишаст ба унвони бахше аз дувоздаҳумин конфронси вазирони Созмони Тиҷорати Ҷаҳонӣ баргузор хоҳад шуд.