Январ 19, 2020 14:59 Asia/Dushanbe
  • Таваққуфи содироти гази Узбакистон аз соли 2025

Нахуствазири Узбакистон гуфт, тибқи барнома, содироти гази ин кишвар аз соли 2025 ба далели истифода аз саноати дохилӣ қатъ хоҳад шуд.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, Абдуллоҳ Орифов нахуствазири Узбакистон дар нишасти Шурои сиёсии Ҳизби либирали демократик дар шаҳри Тошканд гуфт, то соли 2025 иқдомоте барои қатъи содироти гази табиӣ ва табдили комили он дар дохили кишвар анҷом хоҳад гирифт.

Орифов тасреҳ кард, то охири соли 2020 барои тамоми масрафкунандагон, конторҳои газ ва барқи диҷиталӣ насб хоҳад шуд, ки масрафи манобеи энержиро коҳиш диҳад ва мушкилоти мухталифе аз ҷумла пардохтҳои ғайри воқеиро рафъ кунад.

Узбакистон дар соли 2018 сездаҳ миллиард метри мукаъаб газ содир карда ва дар соли 2019 барои содироти беш аз 15 миллиард метри мукааб газ қарордод бастааст.

Узбакистон аз лиҳози истихроҷи гази табиӣ мақоми дуввумро дар байни кишварҳои Ҳамсуд дорад ва яке аз 10 кишвари истихроҷкунандаи гази табиӣ дар ҷаҳон аст.

Барчасп