Таваққуфи содироти гази Узбакистон аз соли 2025
Январ 19, 2020 18:09 Asia/Dushanbe
Нахуствазири Узбакистон гуфт: Содироти гази ин кишвар аз соли 2025 ба далели истифода дар саноеи дохилӣ қатъ хоҳад шуд.
Абдулло Орипов эълом кард: Тавсиаи бахши сӯхти энергия яке аз бахшҳои калидии иқтисод аст ва тибқи барнома, то соли 2020 -и мелодӣ тавлидоти энергия тақрибан ду баробар, фаровардаҳои нафтӣ 1, 8 баробар, истихроҷи гази табиӣ 1, 2 баробар ва кумур 3, 3 баробар афзоиш хоҳад ёфт.
Узбакистон аз лиҳози истихроҷи гази табиӣ мақоми дуввумро дар байни кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ (Ҳамсуд) дорад ва яке аз 10 кишвари истихроҷкунандаи гази табиӣ дар ҷаҳон мебошад.
Ин кишвар ҳҳамчунин солона 61 миллиард метри мукааб гази табиӣ тавлид ва бахше аз онро ба Чин ва Русия содир мекунад.