Январ 20, 2020 18:03 Asia/Dushanbe
  • Сармоягузории 600 миллиондолларии Иморот дар Узбакистон

Мақомоти Узбакистон ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар шаҳри Тошкан қарордоди сармоягузорӣ ба маблағи 600 миллиондоллар имзо карданд.

Ба гузориши Форс, тибқи тавофуқи тарафайн қарор шуд, то ширкати «Масдар»-и Имороти Муттаҳидаи Арабӣ барои иҷрои тарҳи нирӯгоҳи бодӣ ба зарфияти 400 мегаватт/барқ дар устони Навоии Узбакистон муодили 600 миллиондоллар сармоягузорӣ кунад.

Тибқии барнома, корҳои иҷрои ин нирӯгоҳ дар 3 моҳаи сеюми соли 2020 оғоз ва дар соли 2022 ба баҳрабардорӣ мерасад.

Ҳамчунин қарордоде дар мавриди иҷрои тарҳи хусусисозии нирӯгоҳи барқи ҳароратии Талимарҷон ва сохти блокҳои ҷадид бар пояи нирӯгоҳи барқи ҳароратии Талимарҷон бо ширкати «Мубодила»-и Иморот ба имзо расид.

Ин қарордоди созу корҳо ва шароити хусусисозӣ, тавсеа, таъмини молӣ ва баҳрабардорӣ аз муҷтамаи энержии Талимарҷонро дар назар дорад.

Пештар байни вазорати сармоягузорӣ ва тиҷорати хориҷии Узбакистон ва ширкати «Масдар»-и Иморот як қарордоди сармоягузорӣ бароии сохти истгоҳи фотоэлектрик ба зарфияти куллии 100 мегаватт дар устони Навоӣ муодили 100 миллиондоллар имзо шудааст.