Январ 27, 2020 17:56 Asia/Dushanbe
  • Иҷрои қонуни ҷадиди сармоягузории хориҷӣ дар Узбакистон

Қонуни ҷадиди сармоягузории хориҷӣ дар Узбакистон ба иҷро гузошта шуд.

Ба гузориши ИРНА, ин қонун бо ҳадафи ҷазби миллиардҳо доллари сармояҳои хориҷӣ ва беҳбуди шӯҳрати ин кишвар дар ҷаҳони иқтисод ва сиёсат ба мавқеъ ба иҷро гузошта шудааст.

Қонуни ҷадид таъмиъкунанда ва тақвияткунандаи шуморе аз қавонини пешини муртабит бо сармоягузории хориҷӣ, ҳуқуқ ва тааҳҳудоти сармоягузорҳо ва фаъолиятҳои сармоягузорӣ аст. Ин қонун ҳамчунин масоили ҳуқуқи иҷтимоӣ, монанди озодии коргарони хориҷӣ, озодии тараддуд ва ҳуқуқи бима барои сармоягузорони хориҷиро шомил мешавад. Равияи ҷадиди молиётӣ низ аз оғози соли ҷадиди милодӣ иҷро шудааст то як чорчӯби ҳуқуқии танзими муқаррарот барои шаффофият ва ҷилавгирӣ аз нақзи молиётӣ ва дарёфти молиёт беш аз ҳад эҷод кунад.

Дар байни ислоҳоти мухталифи иҷтимоӣ – сиёсӣ, яке аз пирӯзиҳои муҳимми геополтикӣ лағви кори иҷборӣ, аз ҷумла кори кӯдакон бахусус дар мазореи пахта буда, ки мӯҷиби афзоиши ваҷҳа ва маҳбубияти Узбакистон дар байни сармоягузорон ва мақомҳои ғарбӣ шудааст. Ҳарчанд ин ислоҳот вориди марҳалаи иҷроӣ шуда, аммо иҷро ва таъсири онҳо дар миёнмуддат машҳӯд хоҳанд шуд.

Узбакистон дар соли 2019 милодӣ муваффақ шуд 4.2 миллиарддоллар сармоягузории мустақими хориҷӣ ҷазб кунад, ки 3.7 бештар аз миқдори сармоягузории ҷазб шуда дар соли моқабли он буд.