Баргузории давраҳои афзоиши саводи динӣ дар масоҷиди Қазоқистон
(last modified Mon, 27 Jan 2020 13:56:16 GMT )
Январ 27, 2020 18:56 Asia/Dushanbe
  • Баргузории давраҳои афзоиши саводи динӣ дар масоҷиди Қазоқистон

Идораи маънавии мусалмонони Қазоқистон дар масоҷиди ин кишвар давраҳои афзоиши саводи динӣ баргузор кард.

Ба гузориши ИКНА, ҳудуди 50 ҳазор шаҳрванди қазоқ дар соли 2019 дар давраҳои саводомӯзии мазҳабӣ, ки аз сӯи Идораи маънави мусалмонони Қазоқистон дар ин кишвар баргузор шудааст, ширкат карданд.

Ҳарсола дар бисёре аз масоҷиди Қазоқистон давраҳои омӯзиши афзоиши саводи динӣ баргузор мешавад ва дар соли 2019, 49 ҳазору 790 нафар аз ин давраҳо баҳраманд шуданд.

Касоне, ки моил ба ошноӣ бо улуми исломӣ ва ёдгирии Қуръон ҳастанд, дар ин давраҳо ширкат мекунанд.

Имомони ҷамоат довталабонро барои ширкат дар ин давраҳо роҳнамоӣ мекунанд ва шаҳрҳои Алмаато, Нур-Султон ва Шимкент дар соли 2019 мизбон ин давра буданд.