Январ 30, 2020 20:26 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди раисиҷумҳури Туркманистон аз фаъолиятҳои расонаҳои Ашқобод

Раисиҷумҳури Туркманистон бо интиқод аз фаъолияти расонаҳои ин кишвар дастур дод, муваффақиятҳои иқтисодии ин кишварро пӯшиш диҳанд.

Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов дар нишасте дар Ашқобод(пойтахти Туркманистон) таҳти пӯшиш қарордодани муваффақияти барномаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварашро вазифаи аслии расонаҳо бавижа радио ва телевизиони Туркманистон донист.

Раисиҷумҳури Туркманистон афзуд, барномаҳои радио ва телевизиони ин кишвар воқеаҳо ва дастовардҳои Туркманистонро дар солҳои ахир нокофӣ ва номуназам пӯшиш медиҳад.

Бердимуҳаммадов дар ин нишаст Гуванч Байрам Дурдиев, мудири шабакаи фарҳанги мероси кишварашро ба хотири нотавонӣ дар анҷоми вазоиф барканор ва баҷои вай хонум Гулнора Чориеваро мансуб кард.

Раисиҷумҳури Туркманистон ба мудири ҷадиди шабакаи телевизиони фарҳангии мероси ин кишвар дастур дод, тарбияти фарзандон ва низ муаррифии арзишҳои маънавии мардуми Туркманистон ҷузъи усули зарурӣ ва мавриди таваҷҷуҳи ин шабака бошад.

Изҳороти раисиҷумҳури Туркманистон дар ҳолест, ки ин кишвар бино ба эъломи созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар ҳамвора дар солҳои ахир бадтарин кишвари ҷаҳон аз лиҳози озодии баён ва матбуот муаррифӣ шудааст.