Феврал 01, 2020 13:49 Asia/Dushanbe
  • Аскар Мумин , Русия шарики роҳбурдии Қазоқистон

Нахуствазири Қазоқистон дар дидори ҳамтои русии худ гуфт ; Маскав шарики роҳбурдии Нурсултон аст.

Ба нақл аз Форс, Мумин дар ин дидор гуфт ; Қазоқистон алоқаманд ба тадовуми ҳамкори бо шарикони русии худ ба манзури иҷроии масири роҳбурдии равобити байни ду кишвар аст.

Вай Русияро шарики аслии тиҷории ин кишвар эълом кард гуфт ; дар соли гузаштаи милодӣ тиҷорати дуҷонибаи Нурсултон ва Маскав 17. 2 миллиард доллар буд.

Мумин гуфт ; дар Қазоқистон ҳудуди 10 ҳазор ширкат бо сармоягузории Русия фаолият мекунанд.

Вай ба манзури ҳифзи пуёии мусбат дар таъомулоти тиҷорӣ ва иқтисодӣ миёни ду кишвар бар зарурати тадовуми кори муштарак дар заминаи густариши доманаи коло ва хадамот , барқарории тамосҳои мустақим миёни маҳфилҳои тиҷории ду кишвар ҳамчунин ривоҷдодани колоҳо дар бозорҳои кишварҳои севвум таъкид кард.

Михаил Мишустин ,ки баъд аз таъйин шудан ба симати Нахуствазири Русия дар аввалин сафари хориҷии худ ба унвони нахуствазири нави Русия ба Қазоқистон сафар карда ҳам гуфт ; ду кишвар робитаҳои наздике бо якдигар доранд.

Вай гуфт ; робитаҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ миёни Русия ва Қазоқистон ба таври пуё дар ҳоли тавсиъа буда ва иртибототи минтақаӣ дар ҳоли тақвият аст.