Феврал 03, 2020 15:14 Asia/Dushanbe
  • Сафари Помпео ба Осиёи Марказӣ; Узбакистон дуввумин истгоҳ

Абдулазиз Комилов ва Майк Помпео вазирони умури хориҷаи Узбакистон ва Амрико субҳи имрӯз дар шаҳри Тошканд дидор ва дар бораи равобити дуҷониба ва масоили минтақа ва ҷаҳонӣ гуфтгӯ карданд.

Ба нақл аз ИРНО, вазири умури хориҷаи Амрико аз рӯзи гузашта сафари худ ба чанд кишвари Осиёи Марказиро оғоз кардааст.

Майк Помпео пас аз сафар ба Қазоқистон, шаби гузашта ба Узбакистон сафар кард ва қарор аст асри имрӯз дар нишасти муштарак бо вазирони умури хориҷаи панҷ кишвари Осиёи Марказӣ (нишасти С5+1) ширкат кунад.

Гуфта мешавад ҳадафи Амрико дар ин нишаст эҷоди фосила байни Осиёи Марказӣ бо Русия ва коҳиши нақши Чин дар ин минтақааст.

Помпео субҳи имрӯз дар як пайёми твиттерӣ ба муносибати сафар ба Узбакистон навишт, барномаи ислоҳоти баландпарвозонаи Шавкат Мирзиёев раиси ҷумҳури Узбакистон дар ҳоли пешрафти қобили мулоҳиза аст ва ман муштоқи баҳс дар бораи роҳҳои тадовуми пешбурди сулҳу саодат ва амният аз тариқи мушорикати кишварҳоямон ҳастам.

Вазири умури хориҷаи Амрико субҳи имрӯз бо шуморе аз раҳбарони мазҳабӣ дар Узбакистон ҳам дидор ва аз пешрафтҳои давлат дар заминаи озодиҳои мазҳабӣ таҳлил кард.

Вазири умури хориҷаи Амрико рӯзи гузашта дар Қазоқистон бо раисони ҷумҳурии кунунӣ ва собиқ ва ҳамчунин вазири хориҷаи он кишвар дидор кард.