Бузургдошти Рӯзи ҷаҳонии ҳиҷоб дар Қирғизистон
Маросими Рӯзи ҷаҳонии ҳиҷоб дар Бишкек (пойтахти Қирғизистон) бо ҳадафи дифоъ аз ҳуқуқи занони мусулмон баргузор шуд.
Ба гузориши радои тоҷикии Садои Хуросон, дар пойтахти Қирғизистон, маросими Рӯзи ҷаҳонии ҳиҷоб бо ҳузури занони фаол дар ҳавзаи сиёсат, иқтисод ва фарҳанг баргузор шуд.
Ин маросим ба мизбонии Уммат нахустин маҷаллаи исломии Қирғизистон баргузор шуд ва дар он нақши занон аз ҷумла занони диндор дар тавсеаи ин кишвар баррасӣ шуд.
Иляна Сетрава сардабири маҷаллаи Уммат дар суханронии худ аз ҳимояти қобили таваҷҷуҳи мардуми Қирғизистон аз Рӯзи ҷаҳонии ҳиҷоб хабар дод ва гуфт, дар чаҳорсоли гузашта дар ин маросим беш аз чаҳор ҳазор зан ширкат карданд, ки дар байни онон шахсиятҳои машҳур аз ҷумла намояндагони парлумон, мақомоти дигар ниҳодҳои давлатӣ ва фаолони иҷтимоӣ буданд.
Вай афзуд, Рӯзи ҷаҳонии ҳиҷоб маросиме бо ҳадафи дифоъ аз ҳуқуқи занони мусулмон аст.
Ҷамол Фронтбек Казӣ раиси Созмони иҷтимоии мавсум ба Мутакаллими Қирғизистон низ гуфт, мардуми ин кишвар муддати зиёде таҳти ҳукумати Шуравӣ қарор доштанд ва пас аз фурупошии он кам кам суннатҳои динӣ дубора ранг гирифт.
Рӯзи ҷаҳонии ҳиҷоб дар соли 2014 бо ҳадафи дифоъ аз ҳуқуқи занони мусулмон номгузорӣ шуд ва 116 кишвари ҷаҳон аз ҷумла Қирғизистон аз он ҳимоят карданд.