Феврал 06, 2020 13:13 Asia/Dushanbe
  • Боку мизбони нишасти фавқулодаи Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон

Нишасти фавқулодаи вазирони умури хориҷаи Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон дар шаҳри Боку баргузор мешавад.

Ба нақл аз Форс , вазорати умури хориҷаи Озарбойҷон аз баргузории Нишасти фавқулодаи вазирони умури хориҷаи Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон хабар дод.

Ин нишаст тибқи барномаи имрӯз дар шаҳри Боку баргузор мешавад.

Дар ин нишаст вазирони умури хориҷаи Озорбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон , Узбакистон, ва Туркия ширкат хоҳанд кард.

Дар ҳоли ҳозир масоили мавриди баррасии мақомоти аршади кишварҳои узви Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон дар ин нишаст эълом нашудааст.

Нишасти пешини вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви ин Созмони байналмиллалӣ дар санаи 13 - 14 моҳи октиябри соли 2019 дар шаҳри Боку баргузор шуд.

Шӯрои ҳамкории кишварҳои туркзабон дар соли 2009 тавассути Озарбойҷон , Туркия , Қазоқистон , Қирғизистон таъсис ва Узбакистон дар соли 2019 узви ин Созмон шуд.

Маҷористон узви нозири ин Созмони байналмиллалӣ аст.