Феврал 07, 2020 18:44 Asia/Dushanbe
  • Ҳузури Вашингтон дар Осиёи Марказӣ пуррангтар мешавад

Дар пайи сафари вазири хориҷаи Амрико ба Узбакистон ва Қазоқистон, Вазорати умури хориҷаи Амрико бо интишори санадӣ, роҳбурди ҷадиди Вашингтон дар Осиёи Марказиро эълом кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, бар асоси ин санади роҳбурдӣ, ки то соли 2025 -ро дар бар мегирад, ҳадафи аслии Амрико дар минтақаи Осиёи Марказӣ тавсеаи равобит бо тамоми кишварҳо дар заминаи сиёсат, иқтисод ва амният аст ва кишварҳои минтақа бояд вориди бозорҳои байналмилалӣ шаванд ва муассисоти демократии қудратманд эҷод кунанд.

Ҳимоят аз истиқлоли кишварҳои Осиёи Марказӣ ва талош барои ҳазфи мавонеи ҳамгироии минтақаӣ ва коҳиши таҳдидоти террористӣ дар Осиёи Марказӣ аз ҷумлаи роҳбурдҳои мавриди назари Амрико дар ин минтақа аст.

Ҳамчунин афзоиши кумак ба Афғонистон ва ҳимоят аз тавсеаи ҳамкорӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дар ҳавзаи иқтисодӣ, фарҳангӣ ва амниятӣ, ҳамкорӣ дар заминаи ҳуқуқи башар ва ташвиқи ширкатҳои амрикоӣ барои сармоягузорӣ дар Осиёи Марказӣ ва эҷоди шароити матлуб барои корофаринони амрикоӣ аз дигар бандҳои ин санади роҳбурдӣ аст.

Амрикоиҳо муътақиданд, тавсеаи ҳамкорӣ бо панҷ кишвари Осиёи Марказӣ зимни густариши арзишҳои амрикоӣ, нақши дигари қудратҳоро дар минтақа мутавозин ва бо таъмини ниёзҳои иқтисодии ин кишварҳо ба тавсеаи иқтисодии Амрико низ кумак мекунад.

 

Барчасп