Феврал 08, 2020 11:29 Asia/Dushanbe
  • Канорагирии муфтии аъзами Қазоқистон

Серикбой Кажӣ Ораз муфтии аъзами Қазоқистон ба далели беморӣ аз симати худ канорагирӣ кард.

 Ба нақл аз Икно , вай дар нуҳумин ҷаласаи идораи умури динии Қазоқистон истиъфои худро тақдим кард. Серикбой Кажӣ дар соли 2017 ба унвони раиси идораи динии мусалмонони Қазоқистон ва муфтии аъзами ин кишвар баргузида шуда буд.

Наврӯзбой Кажӣ ба унвони муфтии аъзами нави Қазоқистон ба ҷонишинии Серикбой интихоб шудааст.