Афви даҳҳо зиндонӣ тавассути раисҷумҳури Узбакистон
Феврал 09, 2020 16:56 Asia/Dushanbe
Раиси Ҷумҳурии Узбакистон дар ҳукме даҳҳо нафар аз зиндониёни ин кишварро мавриди афв қарор дод.
Ба гузориши хабаргузории Форс дар Тошканд, Шавкат Мирзиёев рӯзи панҷшанбе бо судури ҳукме, 58 нафар аз зиндониёни ин кишварро пас аз ибрози пушаймонӣ ва ислоҳ мавриди афв қарор дод.
Аз ин теъдод ду зан низ дар байни афвшудагон қарор доранд.