Феврал 12, 2020 17:17 Asia/Dushanbe
  • Таъйиди сохти ду нерӯгоҳи барқи обӣ дар Тоҷикистон аз сӯйи Узбакистон

Тоҷикистон ва Узбакистон ду нерӯгоҳи барқи обии муштарак бунёд мекунанд.

Ба гузориши ИРНА, Вазорати энержии Узбакистон эълом кард, ин кишвар ва Тоҷикистон ба тавофуқе барои бунёди ду нерӯгоҳи барқи обии муштарак бар рӯйи рӯдхонаи Зарафшон дар Тоҷикистон даст ёфтаанд.

Дар марҳалаи аввали ин тарҳ истгоҳи барқи обии 140 мегаватии “Ёвон” бо ҳазинаи тақрибии 282 миллион доллар эҳдос мешавад, ки барои тавлиди 700 то 800 миллион киловатт соат барқ тарроҳӣ хоҳад шуд. Дар марҳалаи дувум низ ду тараф имкони эҳдоси як истгоҳи барқи обии 135 мегаватӣ бо ҳазинаи тақрибии 270 миллион доллар ва зарфияти тавлиди 500 то 600 миллион киловатт соат барқро баррасӣ хоҳанд кард.

Дар баёнияи Вазорати энержии Узбакистон таъкид шудааст, ки барқи тавлидӣ фақат барои истифодаи кишвари Узбакистон хоҳад буд.

Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбакистон аз замони ба қудрат расидан дар декабри 2016 эълом карда, ки қасди таҳкими беҳбуд ва тақвияти равобит бо ҳамсоягонро дорад. Мирзиёев авоили соли 2018 мелодӣ аз Душанбеи Тоҷикистон боздид кард ва руасои ҷумҳурии ду кишвар дар ин сафар 27 санади ҳамкорӣ имзо карданд.