Эъломи омодагии Қазоқистон барои коҳиши тавлиди нафт
Қазоқистон барои коҳиши тавлиди нафт эъломи омодагӣ кард.
Ба гузориши ИРНА, омодагии Қазоқистон барои коҳиши тавлиди нафт, ҳамкории беҳдоштии Узбакистон бо Созмони Беҳдошти Ҷаҳонӣ ва тарроҳӣ барои эҳдоси ду нерӯгоҳи барқи обии муштараки Узбакистон ва Тоҷикистон, ановини чанд хабари кӯтоҳ аз Осиёи Миёнаро дар рӯзи чаҳоршанбе ташкил медиҳанд.
Нурлан Ногаев, вазири энержии Қазоқистон эълом кард, ин кишвар дар ҳоли баррасии пешниҳоди Кумитаи фаннии кишварҳои тавлидкунандаи нафт барои коҳиши бештари тавлид ба мизони 20 то 30 ҳазор бушка дар рӯз аст.
Ногаев гуфт, кишварҳои узви Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт ва Русия дар авохири феврал ё авоили март (авоили исфандмоҳ) барои баррасии иқдомоти бештар дар заминаи коҳиши тавлид ташкил ҷаласа хоҳанд дод.
Дар ҳоле, ки вируси Карона муҷиби коҳиши тақозои нафт дар кишвари Чин шудааст, Арабистони Саудӣ хостори тавофуқи тавлидкунандагони нафт барои коҳиши фаврии тавлиди нафт ба манзури ҷилавгири аз коҳиши шадиди қимати нафт аст.
Кишварҳои Қазоқистон, Русия, Мексика, Баҳрайн ва Уммон аз ҷумлаи тавлидкунандагони ғайриузви ОПЕК ҳастанд, ки бо ин созмон барои мудирияти бозори нафт ҳамкорӣ мекунанд.