Феврал 15, 2020 14:56 Asia/Dushanbe
  • Эҳзори сафири Тоҷикистон дар Бишкек ба Вазорати умури хориҷаи Қирғизистон

Вазорати умури хориҷаи Қирғизистон , Назир Ализод сафири Тоҷикистон дар ин кишварро фарохонд.

Ба нақл аз Эки парсс, Вазорати умури хориҷаи Қирғизистон маротиби эътирози худро дар бораи изҳороти генерал Абдуллоҳ Навҷавонов , раиси нави пулиси устони Суғди Тоҷикистон,эълом кард.

Генерал Абдуллоҳ Навҷавонов дар суханоне гуфтааст ,ки минтақаи Боткани Қирғизистон дар марз бо Тоҷикистон ҳаргиз мутаалиқ ба миллати Қирғизистон нест, тарафи қирғизи ҳам эълом карда ,ки ин изҳорот дар расонаҳои иҷтимоъӣ ва бархе расонаҳои маҳалӣ ҳам чоп ва мунташир шудааст.

Навҷавонов ҳамчунин эълом карда ,ки агар таърихро мутолиъа кунед Боткан дар гузашта ҳаргиз  сарзамини Қирғизистон набудааст.

Вазорати умури хориҷаи Қирғизистон дар ин робита гуфт ; генерал Навҷавонов ҷаъли таърих ва дуруғро ҷойгузини ҳақоиқ кардааст.

Тарафи қирғизистонӣ эълом кард ; чунин изҳороте аз мақомоти расмии Тоҷикистон қобили қабул нест.

Онҳо гуфтанд ; Намояндагони дастгоҳҳои иҷроии қонун, бояд бо иқдомҳои муносиб аз баёни чунин изҳорот ва иқдомҳои таҳрикомезӣ мумониъат кунанд.

Вазорати умури хориҷаи Қирғизистон интизори вокуниши муносиб ва расмӣ аз Душанбе дорад ва умедвор аст ,ки дар оянда чунин иқдомоте такрор нашавад.

Генерал Абдуллоҳ Навҷавонов то 24 24 январи соли 2020 муовини вазири кишвари Тоҷикистон буд.

генерал Абдуллоҳ Навҷавонов раиси нави пулиси устони Суғд 12 феврал дар аввалин Канфронси матбуъотии худ пас аз интисоб ба ин масулият, терорризм ва қочоқро ду мушкили аслии минтақаи марзи байни Тоҷикистон ва Қирғизистон эълом карда буд.