Феврал 16, 2020 13:14 Asia/Dushanbe
  • Мувофикат бо вогузории бахше аз заминҳои кишоварзии Ботканд ба Тоҷикистон

Намояндагони Шурои фармондории Самарқандак дар ноҳияи Ботканди Қирғизистон тарҳи вогузории бахше аз заминҳои кишоварзии ин минтақа ба ноҳияи Исфараи Тоҷикистонро тасвиб карданд.

Ба нақл аз сомонаи 24.kg, ин шуро бо вогузории наздик ба 2 гегтар аз заминҳои кишоварзии фармондории Самарқандак дар ноҳии Ботканд ба ноҳияи Исфараи Тоҷикистон мувофиқат кардааст.

Аммо фаолони расонаии қирғизистонӣ бо интишори ин санад дар шабакаҳои иҷтимоӣ муддаӣ шудаанд, ки ин тасмим бидуни мувофиқати сокинони фармондории Самарқандак дар ноҳияи Ботканд гирифта шудааст ва бояд бештар баррасӣ шавад.

Ин дар ҳолест, ки қаблан мақомоти Қирғизистон бо сокинони ноҳияи Ботканд дар мавриди тарҳи вогузории ду қитъаи наздисарҳадӣ – Ариқ-Аста дар деҳаи Оқсойи ноҳияи Ботканд ва Самарқандак ба Тоҷикистон машварат карда буданд.

Мақомоти Тоҷикистон ва Қирғизистон эълом кардаанд, ки нақшаи ҷуғрофиёии иваз кардани замин ва деҳаҳо миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон таҳия шудааст, ки пас аз баррасии мардуми ин минтақаҳо барои тасвиб ба ҳукуматҳои ду кишвар пешниҳод хоҳад шуд.

Тоҷикистон  барои ҳалли ихтилофоти марзӣ ва дар посух ба тарҳи тарафи қирғизистонӣ дар бораи иваз намудани ду минтақаи ин кишвар, заминҳои миёни фармондории Чоркӯҳ ва бахше аз шаҳраки Сомониёнро ба кишвари ҳамсоя пешниҳод кардааст.

Дар пайи ду даҳсола музокироти мақомоти ду кишвар бар сари ҳалли ихтилофоти марзӣ танҳо 520 километр аз марзи 971 километрии Тоҷикистон ва Қирғизистон нишонагузорӣ шудааст.

 

Барчасп