Боздошти даҳҳо муътаризи сиёсӣ дар Қазоқистон
(last modified Sat, 22 Feb 2020 14:29:12 GMT )
Феврал 22, 2020 19:29 Asia/Dushanbe
  • Боздошти даҳҳо муътаризи сиёсӣ дар Қазоқистон

Даҳҳо нафар аз аъзои ҳизби дар шарафи таъсиси Демократики Қазоқистон имрӯз шанбе дар тадоруки таҷаммуи эътирозӣ дар шаҳри Алмаато боздошт шуданд.

Ба нақл аз ИРНО, Жанболат Мамай раҳбари Ҳизби Демократик низ шаби гузашта боздошт шуда буд.

Ин ҳизб қарор буд имрӯз шанбе дар шаҳири Алмаато роҳпаймоӣ баргузор кунад.

Пеш аз ин қарор буд конгираи ин ҳизб рӯзи шанбе баргузор шавад, аммо бо дастгирии шуморе аз аъзо ин нишаст мухтал ва лағв шуд, ки дар пайи он раҳбари ҳизб, аъзо ва ҳаводоронашро ба таҷаммуе эътирозӣ фарохонд.

Бархе гузоришҳо низ аз дастгирии даҳҳо нафар аз ҳомиёни ин ҳизб дар Нурсултон пойтахти Қазоқистон ва чанд шаҳри дигари ин кишвар ҳикоят дорад.

Дар ҳамин иртибот Созмони авфи байналмиллал аз мақомоти Қазоқистон хост, ки фавран ва бидуни шарт тамоми боздоштшудагони имрӯзро озод кунад.

Денис Кривошиев- муовини мудири Созмони  авфи байналмиллал барои минтақаи шарқи Аврупо ва Осиёи Марказӣ гуфт, корномаи заифи ҳуқуқи башарии Қазоқистон бо ин иқдомот бадтар шуд ва нишон дод, ки давлат аз озодии баён ҳарос дорад.