Феврал 27, 2020 14:31 Asia/Dushanbe
  • Алмаато мизбони нишасти ҳамкориҳои гумрукӣ дар Осиёи марказӣ

Мақомоти хадамоти гумрукии кишварҳои Осиёи марказӣ дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон барои ҳузур дар давраи омӯзишии Иттиҳодияи Аврупо гирдиҳам омаданд.

Ба нақл аз Форс, дар ин Иҷлос гурӯҳҳои Туркманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Узбакистон ва Тоҷикистон ҳузур доштанд.

Дар ин иҷлос тавсиъаи ҳамкориҳои мустақим байни гумруки кишварҳои минтақа баррасӣ шуд.

Тақвияти робитаҳои гумрукии кишварҳои Осиёи марказӣ, заминаи ҳуқуқӣ, назорат ва табодули иттилоот мавзуъҳои аслии семинар буд.

Барномаи тавсиъаи ҳамкории марзии Иттиҳодияи Аврупо дар Осиёи марказӣ дар соли 2003 таъсис шуда ва ҳадафи он тақвияти субот дар минтақа ва тасҳили механизмҳои таъомули гумрукӣ аст.

Мақомоти Иттиҳодияи Аврупо аз ибтикороти кишварҳои Осиёи марказӣ дар заминаи тавсиъаи иқтисодӣ ва тиҷорат ҳимоят мекунанд.