Боздошти гурӯҳе аз мухолифон дар Қазоқистон
https://parstoday.ir/tg/news/middle_asia-i51393-Боздошти_гурӯҳе_аз_мухолифон_дар_Қазоқистон
Даҳҳо тан аз мухолифони давлати Қазоқистон рӯзи якшанбе дар тазоҳуроти эътирозомез ба марги як фаоли сиёсӣ дар зиндон дастгир шуданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 02, 2020 06:51 Asia/Dushanbe
  • Боздошти гурӯҳе аз мухолифон дар Қазоқистон

Даҳҳо тан аз мухолифони давлати Қазоқистон рӯзи якшанбе дар тазоҳуроти эътирозомез ба марги як фаоли сиёсӣ дар зиндон дастгир шуданд.

Ба нақл аз хабаргузории Фаронса, полиси Қазоқистон рӯзи якшанбе бо ҳамла ба гурӯҳе аз мухолифони давлат, ки дар эътироз ба марги як муътаризи зиндонӣ дар Аомаато таҷаммуъ карда буданд, 66 танро боздошт кард.

Ин тазоҳурот дар эътироз ба марги фаоли сиёсӣ ба номи Давлат Ақадили 42 сола дар зиндони ҳукумат бар по шуд.

Давлат Ақадил ба ҷурми ширкат дар тазоҳуроти ғайриқонунии рӯзи душанбеи гузашта дар маҳалли зиндагиаш боздошт ва ба зиндоне дар Нурсултон пойтахти Қазоқистон мунтақил шуд.

Дар моҳи ноябр, Давлат Ақадил бо фирор аз зиндон худро ба сари забонҳо андохт, аммо ду рӯз баъд дубора боздошт шуд.

Мақомот мегӯянд вай ҳангоми боздошт маст буда ва ба ҳамин далел дучори сактаи қалбӣ шудааст.

Аммо ҳомиёни Давлат Ақадил бо радди ин бардошт аз марги ин мухолифи ҳукумат, барканории вазири кишвар ва инҳилоли Шурои амнияти ин кишварро хосторанд.

Вай соли гузашта низ беш аз ду моҳ дар ҳабс буд.